Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2758

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2762

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/output.class.php on line 3706

Warning: Use of undefined constant REQUEST_URI - assumed 'REQUEST_URI' (this will throw an Error in a future version of PHP) in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/themes/utouch-child/functions.php on line 69
ДАР АНДЕШАИ РУШДИ МУНТАЗАМИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН – Edqualt

ДАР АНДЕШАИ РУШДИ МУНТАЗАМИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Барномаи дастгирии таҳсилоти
босифат, марҳилаи 1 дар доираи қисмати 1, омӯзиши тренеронро барои озмоиши
силсилаи
барномаҳо барои рушди мунтазами касбии омӯзгорон рӯзҳои 30-31 марти соли 2021
дар меҳмонхонаи “Хилтон” доир намуд.

Чорабиниро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ оғоз бахшида, дар бораи саҳми лоиҳаи БДТБ-1 доир ба дастгирии рушди мунтазами касбии омӯзгорон изҳори сипос намуд. Ҳамчунин роҳбари лоиҳа Евгени Иванов оид ба омодагии лоиҳа барои доир намудани силсилаи омӯзишҳо барои рушди касбии омӯзгорон, дастгирии таҳияи барномаҳо дар ин самт сухан гуфт.

Ҳадафи асосии омӯзиши мазкур аз он иборат буд, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии лоиҳа панҷ барномаи дурӯза барои рушди касбии омӯзгорон таҳия гардида буданд. Барои аз озмоиш гузаронидан ва такмил додани онҳо  дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори кормандони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм гурӯҳи коршиносон ҷалб гардиданд. Гурӯҳи мазкур бо барномаҳо шинос гардида, онҳоро омӯхта дар минтақаҳои кишвар аз озмоиш мегузаронанд, пас аз озмоиш  барномаҳо дубора такмил дода барои тасдиқ ва истифодаи минбаъда пешниҳод карда мешаванд.

Омӯзиш ба тариқи онлайнӣ гузаронида шуд. Муаллифон Лилиана Левков ва Ясминка Маркович барномаҳоро, ки “Таҳсилот дар асри 21”, “Усулҳои фаъоли таълим”, “Ҳамкорӣ бо волидон дар таҳсил”, “Таҳсилоти босифат барои ҳама”, “Омӯзгорон ҳамчун муҳаққиқон” ном доранд, муаррифӣ намуданд.

slide
slide
slide
slide
slide

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение