Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2758

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2762

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/output.class.php on line 3706

Warning: Use of undefined constant REQUEST_URI - assumed 'REQUEST_URI' (this will throw an Error in a future version of PHP) in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/themes/utouch-child/functions.php on line 69
Таҳқиқот. Таксономияҳои мақсадҳои таълимӣ барои чӣ лозиманд? – Edqualt

Таҳқиқот. Таксономияҳои мақсадҳои таълимӣ барои чӣ лозиманд?

Эдмундс Ванагс Донишгоҳи Латвия, коршиноси маркази Skola 2030

Аз миёнаҳои асри гузашта дар тамоми дунё дар таҳқиқоти соҳаи таҳсилот ва фаъолияти сиёсӣ, таваҷҷӯҳи ҳамаро таксономияҳои мақсадҳои таълимӣ ба худ ҷалб када буданд. Бо истифода аз онҳо муҳаққиқон кӯшиш менамуданд, ки навъҳои дастовардҳои хонандагонро муайян ва ҷудо намоянд. Баробари пешрафти назарияҳи гуногуни илмии таълим ва соҳаҳои дигар модели таксономияҳо ҳам дигар карда шуданд ва мақсадҳои бештар муҳими муосир, ки хонандагон дар ҷараёни омӯзиш бояд ба даст биоваранд, дар онҳо истифода мегарданд. Аз замони истифодаи таксономияҳо дар ҳамаи зинаҳои таълим дарки умумӣ, забон ва муносибатҳои консептуалии онҳо низ истифода мегардид.
Аввал, таксономияҳо аз рӯйи мақсадҳои таълим барои осон кардани кори таҷрибакунандагони мактаб ва донишгоҳҳо ба роҳ монда шуда буданд. Базудӣ, пас аз пайдо шудани онҳо манфиати таснифотро кормандони дигари маориф низ диданд. Оҳста-оҳиста таксономияро таҳиягарони барнома ва стандартҳои маориф, сипас, муҳаққиқон, ниҳоят омузгорон, дар фаъолияти ҳаррӯзаашон дар синф истифода мебаранд (Anderson & Sosniak, 1994).
Таърихи мухтасари таксномияҳо. Таксономияи аввалин дар миёнаи асри ХХ (The taxonomy of educational objectives) бо сарварии равоншинос Бенҷамин Блум (Benjamin Bloom) таҳия шуда буд. Муаллифон натиҷаҳоеро, ки хонандагон дар ҷараёни “ибрози бараълои интизориҳояшон, аз он, ки чӣ гуна дар ҷараёни омӯзиш тағйир меёбанд” (Bloom et. al., 1956, p. 26)., муайян намуда буданд. Онҳо пешниҳод намуда буданд, ки хонандагон назарашонро бо ифодаҳои мушаххас, бо ёрии вожаҳои калидӣ баён намоянд, то ки алоқамандии рафтори мушоҳидашавандаи онҳоро бо мундариҷаи фанни таълимӣ мушоҳида намудан мумкин бошад. Масалан, хонанда (субъект) – амал – объект (хонанда қонунҳои магнетизмро истифода мекунад). Гурӯҳи корӣ, ки Блум роҳбарӣ мекард, корҳои омӯзгорону хонандагонро санҷида ба хулосае омада буд, ки қисмати зиёди онҳо саволу супоришҳои ба такрор ва бахотиргирии донишҳои пешина равонашударо дар бар мегиранд (Wallace, 2015). Шинохтани фактҳо ё бахотироварӣ сатҳи поёни қобилиятҳои маърифатӣ шуморида мешуданд. Муаллифони ин таксономия қобилиятҳои маърифатиро ба таври иерархии мураккаб ва абстракт тақсим карданд: фаҳмиш, истифодаи он, таҳлил, таркиб ва баҳодиҳӣ. Баъдтар ба ин иерархия самти аффективӣ ва психомоторӣ ҳам фаро гирифта шуданд. Таксономияи аз ҷониби Блум таҳияшуда барои беҳтар кардани усулҳои мавҷудаи баҳодиҳии стандартҳои таҳсилоти миёнаи асри ХХ, ки то ҳол аз ҷониби омӯзгорон истифода мешаванд ва таҳияи усулҳои нави баҳодиҳӣ ба онҳо, манфиатнок буд. Зеро таксономияи Блум барои фикр кардан дар мавриди умқи супориши маърифатӣ водор менамояд. Дар илми педагогикаи муосир назаре пайдо шуааст, ки ба тариқи ин қадар усули сода тафаккури хонандаро санҷдан мумкин нест (Hattie, 2016). Яке аз норасоиҳои таксономия дарон буд, ки он ба ақидаҳои бихевористӣ, ки он замон маъмул буд, такя мекард. Ин андешаҳо (манзур, бихевиоризм) ҳоло чандон ҷонибдорӣ намешаванд (Dunne, 1988).
Мунаққидони дигар андеша доранд, ки таксономияи Блум ва пайравони минбаъдаи он боиси фрагментатсияи барномаҳои таълимӣ гардидаанд (Broudy, 1970; Curzon, Tummons, 2003) ва мақсадҳои махсуси ба зиндагӣ алоқаманд набударо пайгирӣ мекунанд. Ҷудо кардани таксономия ба соҳаҳо трихотомияи ғайривоқеӣ ва дар зиндагӣ вуҷуднадоштаро, ки ба омӯзгор ҳангоми ташкили ҷараёни таълим ёрӣ намерасонад, ба миён овардааст. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ки таксономияи Блум асоси эмперикӣ надорад, дар илми педагогика ҷонибдории хеле зиёд пайдо карда, ба «назария»-и пешбар табдил ёфт (Curzon, Tummons, 2003), ки то ҳол мақоми худро нигоҳ медорад. Худи Блум борҳо таъкид намудааст, ки ӯро нодуруст фаҳмидаанд, таксономияи ӯ ба таснифоти гурӯҳи методҳои истифодашаванда, «ҳамчунин он ба мақсадҳои ҷузъ ба ҷузъ ҷудошуда, ки барои расидан ба мақсад танҳо як методи таълимро тақозо мекарда бошад», равона нашудааст (Bloom, 1994). Блум таъкид карда буд, ки омӯзгор бояд усулҳои фаровонеро донад, ки дар расидан ба мақсадҳои гузошташуда интихоб карда тавонад, дар таксономия танҳо мисолҳо барои баъзе мақсадҳо нишон дода шудаанд. Аз доираи васеи усулҳо омӯзгор бояд ҳамонеро интихоб намояд, ки ба хонандагон донишҳояшонро истифода намуда, масъалаҳои ношиносро дар зиндагии худ ҳал кунанд. Агар омӯзгор чунин муносибатро пайгирӣ намояд, пас хонандагони ӯ аз таълими гирифтани дониши тайёр эминанд, қайд мекунад Б. Блум. «Маълум аст, ки қисми зиёди танқиди таксономия аз шарҳи яктарафа ва беш аз ҳама аз истифодаи маҳдуди он сар задааст» (Bloom, 1994, p. 7).
Таксономияҳои муосир. Аз вақте ки Блум ва ҳамкоронаш аввалин таксономияро соли 1956 пешниҳод намуданд, беш аз 19 системаҳои алтернативӣ таҳия шудаанд, ки кӯшиши таснифоти мақсадҳои таълимиро кардаанд (Anderson & Krathowl, 2001) ва ҳоло шумораи чунин системаҳо бешу кам ба 30 баробар аст.
Барои таҳлили мақсадҳои таълимии бадастоянда, маъмултарин системаҳо инҳоянд::
– гунаи коркардшудаи таксономияи Блум (Anderson et. al. 2001),
– модели Клопфер (Klopfer, 1971)
– структураи шарҳдиҳандаи натиҷаҳои омӯзиш ((Structure of the Observed Learning Outcome (SOLO) taxonomy), (Biggs, 1995)
– таксономияи нав ((New Taxonomy)-и Марзано ва Кендалл, 2007),
– таксономияи Финк (Fink, 2003)
– модели умқи дониши Вебб (Webb, 1997)
Таксономияҳои муосири истифодашавандаротаҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳар кадоми онҳо ҳадафҳои ҷудогонаро пайгирӣ мекунанд ва таксономияе вуҷуд надорад, ки дар ҳама маврид ба кор мерафта бошад. Баъзе таксономияҳо барои таҳияи стандартҳои нави омӯзиш, баъзеи дигар, баҳодиҳии стандартҳои мавҷуда, гурӯҳи дигар ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки мутобиқати барномаҳои таълимиро бо қобилияти хонандагон муайян намоянд.
Гунаи коркардшудаи таксономияи Блум. Гунаи коркардшуда, такмилшудаи таксономияи Блум имкон медиҳад, ки қисмҳои таркибии ҷараёни омӯзишро бубинем, ҷараёни фикррониро, ки бо таълим алоқамандӣ доранд, асоснок намоем. Ин амалиёт имкон медиҳад, ки худ (ҳамчун омӯзгор) ва хонандаро беҳтар ва равшантар баҳогузорӣ намоем. (Wilson, 2016). Дар робита бо пайдоиши ғояҳои конструктивизм дар назарияи таълим интизор меравад, ки хонандагон донишҳои худро фаъолона татбиқ намуда, фаъолона дар ҷараёни таълим иштирок карда, дониш ва фаҳмиши худро бунёд мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як хонанда ба зинаи муайяни пешрафт соҳиб мешавад ва арзёбии ҳамин пешравӣ хеле муҳим аст (Pickard, 2007). Бар хилофи садҳо назария дар бораи ин, ки таълим чӣ гуна сурат мегирад (Davis, 1996), муҳаққиқони имрӯза таъкид мекунанд, ки омӯзиш ин занҷири ураккаби ҷараёнҳост, на амалҳои одии қадам ба қадам аст (Davis, Sumara, & Luce-Kapler, 2008; Illeris, 2018). Бинобар ин ҳеҷ гуна таксономия, ки иерархияи омӯзишро инъикос мекунад, наметавонад омӯзиш ва арзёбии онро комилан фаро бигирад. Муаллифони дигар чунин назар доранд, ки таксономияи бознигаришудаи Блум моҳиятан ҳамон таксономияи куҳна аст, танҳо бо ифода, истилоҳоти нав, аммо бе дигаргунии ҷиддӣ (Yuksel, 2007). Таксономияи бознигаришуда, такмилшуда ҷараёнҳои метакогнитивиро ба инобат намегирад, дар он робита бо ҳалли проблема вуҷуд надорад, бо вуҷуди он ки аз унсурҳои тафаккури интиқодӣ (баҳодиҳӣ ва эҷодкорӣ) холӣ нест (Irvine, 2017).
Таксономияи нав. Бо мақсади бартараф намудан ва такмили таксономияи ҳадафҳои омӯзиш Матсано ва кендал таксономияи навро коркард намуданд (New Taxonomy, Marzano & Kendall 2007). Муаллифон дар таҳияи худ кӯшиш намуданд, ки мушкилоти қаблан муайянкардашудаи сатҳи олии фикррониро (масалан, норасоии сатҳи метакогнитивӣ) нишон дтҳанд ва сатҳи донишҳоро (knowledge) фаҳмотар созанд, барои ин онҳо ҷараёнҳои маърифатиро ба амалҳои ҷудогона тақсим карданд, к ибо дониш ва ҷараёни ба даст овардани дониш алоқаманд ҳастанд. (Lee et al., 2016). Дар таксономияи нав таваҷҷуҳ ба низоми худшиносии хонанда (боварии худи хонанда ба зарурати дониш ва қобилиятҳои худ вобаста ба он, табъи эмотсионалии ба онҳо дахлдор) ва ба низоми метакогнитивии омӯзиш (масалан, малакаи идоракунии фаъолияти худ ва пайдо кардани хатоҳои худ). Модели нави таксономия ба он равона гардидааст, ки хонандагон чӣ гуна чизҳои навро меомӯзанд, ҷараёни омӯзишро чӣ гуна оғоз мекунанд. Дар навбати худ мақсадҳои барномаи таълим ба натиҷаҳои бадастоварандаи хонандагон нигаронида шудаанд. Бинобар ин натиҷаҳои ин таксономия имкон дорад, ки ба омӯзгороне, ки ба натиҷаҳои барномаҳои тайёр ва дастовардҳои ниҳоӣ такя мекунанд, ёрӣ нарасонад. Муҳаққиқон дар чунин назаранд, ки таснифоти Мартсано ва Кендал ҳангоми таҳияи барномаҳои нав муайян намудани натиҷаҳои интизоршаванда ҳангоми ба даст овардани донишҳои нав ба кор мераванд. Дар умум ғояҳои Таксономияи нав ба назарияи малакаҳои маърифатӣ такя мекунанд ва нисбат ба тасономияҳои пешин, ки ба ғояҳои куҳнашудаи бихевиоризм такя мекарданд, боэътимод ва асоснок шуморида мешаванд (Curriculum Consultancy, 2015).
Модели SOLO. Таксономияи SOLO ҳам яке аз моделҳои хеле маъмул ва коркардшудае аст, ки барои муайян намудани рушди маърифатии хонандагон истифода мешавад (Biggs & Collis, 1982; Biggs, 1992). Он ба сатҳи гуногуни ченкунии сатҳи маърифат ишора мекунад: тоташаккулёбӣ, яксохтора, бисёрсохтора, релятсионӣ ва ба таври абстрактӣ тавсеаёфта. Дар доираи ин таксономия масъалаи мураккабӣ ва номунтазамӣ (якхатта, якмаром набудан)-и рушди маърифатии кӯдак, ки дар таксономияҳои пешина набуд ва камбудии асосии онҳо ба шумор меравад, мавриди таваҷҷӯҳи асосӣ қарор гирифт. Модели SOLO беш аз ҳама ба арзёбии рушди маърифатии хонанда равона шудааст (Biggs, 1995), аммо ин барои муайян намудани талаботи барномаи таълим ба маърифати хонанда ҳангоми таълим кофӣ нест. (Brabrand and Dahl, 2009). Модели мазкур аз натиҷаҳои интизорӣ дида, бештар ба арзёбии рушди маърифатии хонанда равона шудааст. бо ёрии омӯзгор метавонад ҷавбҳои хонандагонро таҳлил намояд ва муайян созад, ки онҳо ба кадом зинаи мураккаби маърифатӣ ноил гардидаанд.
Модели умқи дониши Веб. Модели умқи дониши Веб (Webb’s Depth of Knowledge (DoK), Webb, 1997) аксаран барои фарқ кардани паҳлӯҳои дақиқияти баҳо истифода мешавад. Модели мазкур ба он равона гардидааст, ки амалҳо аз рӯйи мураккабии тафаккур ба категорияҳо ҷудо карда шаванд. Яъне шароите бояд фароҳам оварда шавад, ки тавассути иҷрои амалҳо сатҳи маърифатӣ ва дониши хонандагон муайян карда шаванд. Меъёрҳои ба стандартдаровардашудаи арзёбӣ барои чен кардани он равона шудаанд, ки хонандагон дар бораи мундариҷа ва дастурҳо, ки онҳо омӯхтаанд, фикр мекунанд, на барои он ки хонандагон дар кадом сатҳи метакогнитивӣ бояд фаҳманд ва дарк намоянд, чизеро, ки дар ҷараёни омӯзиш аз худ кардаанд, фаҳманд, тавонанд ҷавобҳои худро шарҳ диҳанд, муҳтавои азхудкардаашонро дар шароити воқеӣ татбиқ намоянд. (Francis, 2017). Ба ин тариқ, ғояи асосии ин модел дар он зоҳир мешавад, ки барои хонанда шароите фароҳам оварда шавад,ки ӯ умқи дониш ва вусъати фаҳмиши худро нишон дода тавонад (Francis, 2017). Меъёрҳои модели мазкур имконият медиҳанд, ки стандартҳои гуногуни барномаи таълимӣ муттаҳид карда, усулҳои арзёбии онҳо ба меъёр дароварда шаванд.
Назари интиқодӣ ба таксономияҳо. Интиқодеро, ки нисбат ба таксономияи Блум дар оғоз оварда шуд, аслан ба ҳама таксономияҳо нисбат додан мумкин аст. Масалан, хулосаи мундариҷаи таълим аз таксономия, ё баръакс, ҷузъигардонӣ (фрагментатсия)-и мундариҷа камтарин аз интиқод нисбати таксономияҳо аст. ба ин тариқ, принсипи кумулятивии иерархияи таксономияҳо мувофиқати барномаҳои таълимиро бо методҳои таълим ҷонибдорӣ менамояд (Furst, 1981; Kelley, 1989). Масалан, он чи, ки дар тамоми барномаи таълим таваҷҷуҳ барои бахотиргирӣ (зинаи якуми таксономия) равона шудааст ва танҳо пас аз он зинаҳои дигар меоянд, ки ин ба усули табиии омӯзиш мувофиқ нест, чунон ки дар соҳаҳои равоншиносӣ ва невропатка собит шудааст. Ба замми ин, амалан дар таксономияҳо қисмати зиёди мақсадҳои бадастояндадар сатҳи дониш нигаронида шудаанд, ки мундариҷаи иловагиро ба инобат намегиранд. Ҳол онки аҳамияти зинаҳои дигар ҳам дар ин самт дар шароитҳои махсус кам нестанд. Ба замми ин таҳияи таксономияяҳои нави коркардшудаи Блум мушкилоти асосии ҷараёнҳои метакогнитивиро ҳал накард (Marzano & Kendall, 2007), инчунин ченаки арзишҳо ва муносибатҳоро инъикос наменамояд. Аммогунаи коркардшудаи таксономияи Блум дар низоми таҳсолоти миёнаи ИМА аз муассисаҳои талимии ибтидоӣ то муассисаҳои миён истифода мешавад (Schneider, 2014). Ҷудо кардани ҷараёни тафаккур ва рафтор аз рӯйи соҳаи мушаххас, новобаста ба ин кио н чӣ гуна ба таври иерархӣ ҷудо карда мешавад, асоси пурқувват надорад ва аз ҷиҳат амалӣ исбот нашудааст (Tummons, 2003). Инчунин таксономияҳо танҳо қисме аз протсессҳои когнитивиро сурат мегирад. Аз як ҷониб моделҳои SOLO ва таксономияи нав барои арзёбии пешрафт ва омӯзиши хонанда самараноканд, аммо аз ҷониби дигар, омӯзгорон медонанд, ки ин таснифот сунъӣ аст ва ҳама вариантҳоро дар бар намегирад. Агар амалияи баҳо ва омӯзиш дар заминаи назарияҳои навтарин тағйир ёбанд, он гоҳ дигаргунӣ бояд аз нигоҳи моделҳои назариявии омӯзиш, ки ба омӯзгорон имконияти бештар фаҳмидани моҳияти натиҷаҳо медиҳанд, сурат бигирад ва онҳо усулҳои мувофиқтаринро барои ба даст овардани натиҷа истифода намоянд (Pellegrino, Chudowsky, & Glaser, 2001). Назария бояд ба омӯзгор имконияти ба даст овардани ҳамаи натиҷаҳоро диҳад – ҳам дар мундариҷаи омӯзиш, ҳам арзёбӣ ва ҳам дар педагогия (Biggs, 1996). Чорчӯбаи таксономияҳо бояд вобаста ба соҳаи истифодаашон ба таври гуногун гузошта шаванд, онҳо на бояд чун ретсепти тайёр ба бурда шаванд ё чун нақшаи пешгбиникунандаи омӯзиш ба кор раванд. Яке аз норасоиҳои асосии таксономияҳои мақсадҳои таълимӣ тасаввуроти нодурусте аст, ки дар аксари мутахассисони соҳаи маориф ба вуҷуд меояд. Дар муқоиса онҳо чун тасвири чанд вожаи калидие ҳастанд, ки омӯзгор бо ҷо ба ҷо гузоштани мақсадҳо мувофиқи ин тартиб а мақсад мерасида бошад. (масалан, Hattie, 2016; Illeris, 2018). Таксономияҳоро барои фаҳмидани барномаи таълим, рушди тафаккури хонандагон истифода бурдан мумкин аст, аммо на ҳамчун назарияи пешбарандаи таълим «Беш аз 60 сол қабл Блум хост, хаосро дар соҳаи маориф аз байн барад, аммо хаос дар маорифи муосир меафзояд, дар истифодаи таксономияҳо муносибати оқилона мебояд» (Anderson, 2001).

Отправить сообщение