Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2758

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2762

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/output.class.php on line 3706

Warning: Use of undefined constant REQUEST_URI - assumed 'REQUEST_URI' (this will throw an Error in a future version of PHP) in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/themes/utouch-child/functions.php on line 69
ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД – Edqualt

ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Рӯзи 6-уми январи соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи таҳилоти босифат-1 омӯзиши панҷрӯза барои татбиқи таълими босалоҳият дар фанҳои ҷомеашиносӣ оғоз гардид. Дар он 140 нафар аз шумори омӯзгорони пешқадами минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Ин гурӯҳи фаннии охирин аз фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки аз курсҳои такмили ихтисос оид ба татбиқи таълими босалоҳият мегузаранд. Солҳои қабл омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, технологияи информатсионӣ бо дастгирии техникии Барномаи таҳсилоти босифат марҳала ба марҳала аз курс  гузаронида шуда буданд.

Дар муддати панҷ рӯз омӯзгорони аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷалбгардида ба ҳайси тренерони минтақавӣ тайёр карда мешаванд. Дар назар аст, ки омӯзгорони мазкур дар ду марҳала дар минтақаҳо – ноҳияҳои худ омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносиро пурра аз курс хоҳанд гузаронид. Ба ин тариқ, то оғози соли таҳсили 2020-2021 татбиқи таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёна аз ҳамаи фанҳо ба роҳ монда мешавад.

Омӯзиши “Татбиқи таълими босалоҳият дар фанҳои ҷомеашиносӣ”-ро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, ҳамоҳангсози Барномаи таҳсилоти босифат -1 Сергий Габршек, коршиноси асосии Барномаи таҳсилоти босифат-1 оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва сиёсат дар соҳаи маориф Лигита Григуле ҳусни оғоз бахшиданд.

Аз ҷумла, Латофат Назирӣ иброз дошт, ки: “Аз ҳамкорӣ бо Барномаи таҳсилоти босифат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ менамояд, зеро, агарчи дар аввал дар доираи Барномаи таҳсилоти босифат ташкили курсҳои омӯзишӣ танҳо барои фанҳои табиию риёзӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо дархости Вазорати маориф ва илм Барномаи таҳсилоти босифат ташкили курсҳоро барои фанҳои забонӣ ва ҷомеашиносӣ низ ба уҳда гирифтанд. Ҳамчунин бо нақша дорем, ки дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон гардидани “20 соли омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ” Барномаи таҳсилоти босифатро барои тавсеаи ду масъалаи дигар – арзёбӣ ва кори иттиҳодияҳои методӣ ба ҳамкорӣ даъват намоем”.

Сардори Барномаи таҳсилоти босифат – Сергий Габршек низ хангоми суханрониаш таъкид намуд, ки: “Мо дар доираи барномаи худ ба рушди салоҳиятҳои асосии хонандагон равона месозем, то онҳо тавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ дар муҳит ва фазои иҷтимоии гуногун барои фаъолият намудан қобил бошанд. Ҳамчунин ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бевосита дар татбиқи Барнома изҳори сипос менамоем ва умедвор ҳастем. Ки ҳамкориҳои мо дар дориаи барномаи боз ҳам рушд мекунанд”.

Дар охир коршиноси асосии Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва сиёсат дар соҳаи маориф Лигита Григуле  ба сухан баромада, ба иштирокчиёни омӯзиш гуфт: “Мо бовар дорем, ки шумо шахсиятҳои эҷодкор ҳастед ва дар рушди маорифи Тоҷикистон маҳз тавассути истифодаи қобилият ва маҳорати худ саҳм мегузоред. Барномае, ки мо ҳамроҳи мутахассисони байналмилалӣ ва миллӣ барои шумо пешниҳод менамоем, масъалаҳои рушди салоҳиятҳои асосии хонандагон, таҳияи стандарт ва барномаи таълим, доираи салоҳиятҳои омӯзгор, махсусияти супоришҳои таълимӣ дар муносибати босалоҳият, зарурати доштани саводи расонаӣ, ҳамчунин малакаҳои кор бо аудиторияи калонсолонро (ба хотири рушди малакаҳои тренерии шумо) дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, мо интизор ҳастем, ки тавассути пешниҳоду дархости худ оид ба такмили муҳтавои омӯзиш низ шумо саҳми худро мегузоред. Ба шумо дар ин омӯзиши панҷрӯза ва фаъолияти минбаъдаатон комёбӣ мехоҳам”.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение