Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2758

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2762

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/output.class.php on line 3706

Warning: Use of undefined constant REQUEST_URI - assumed 'REQUEST_URI' (this will throw an Error in a future version of PHP) in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/themes/utouch-child/functions.php on line 69
Семинари омӯзишӣ барои устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ – Edqualt

Семинари омӯзишӣ барои устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ

 Рӯзҳои 26-27-уми феврали соли 2020 дар Китобхонаи миллӣ семинари дурӯза барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар мавзӯи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ» гузаронида шуд.  Дар семинари мазкур 14-нафар омӯзгорони ботаҷриба аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Нахустсуханро муовини Вазири маориф ва илми кишвар Назирӣ Латофат оғоз намуда, аз ҳамкориҳои судманд ва мутақобилаи вазорат бо  Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағузорӣ мешавад, изҳори каноатмандӣ кард Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) гуфт, ки чунин семинару трейнингҳо барои омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, манфиатовар буда, онҳоро барои боз ҳам бештар талош намудан дар амалигардонии таълими босифат омода месозад.

Дар рафти семинар мавзӯъҳое ба монанди муносибати босалоҳият дар таълим,  пешравиҳо ва роҳҳои ба даст овардани онҳо, таълими босифат дар шароити Тоҷикистон, фарҳанги таҳияи барномасозӣ дар муасиссаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.  Зикр гардид, ки дар натиҷаи омӯзиши мазкур фаъолияти ҳайати тренерони миллӣ барои омӯзиши устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ  тибқи талаботҳои муносибати босалоҳият дар таълим ба роҳ монда мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение