Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2758

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/operations.class.php on line 2762

Warning: "continue" targeting switch is equivalent to "break". Did you mean to use "continue 2"? in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/plugins/revslider/includes/output.class.php on line 3706

Warning: Use of undefined constant REQUEST_URI - assumed 'REQUEST_URI' (this will throw an Error in a future version of PHP) in /home/livonew/sites/edqualt.colibri.tj/wp-content/themes/utouch-child/functions.php on line 69
Машваратҳои судманд бо омӯзгорон – Edqualt

Машваратҳои судманд бо омӯзгорон

Коршиноси лоиҳаи Таҳсилоти босифат Диана Иелея дар шаш муассисаи таҳсилоти миёна воситаҳои худбаҳодиҳии омӯзгоронро озмоиш намуд.

Чунон ки ба мо  маълум аст, қаблан “Доираи салоҳиятҳои омӯзгорон” дар доираи Лоиҳаи таҳсилоти босифат таҳия гардида, баъдан аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ карда шуда буд.

Коршиноси Лоиҳа Диана Иелея дар асоси ҳамин санад абзорҳои худбаҳодиҳии омӯзгоронро бо мақсади рушди касбии онҳо таҳия намуд, ки аз “Методологияи худбаҳодиҳии омӯзгор”, “Варақаи худбаҳодиҳии омӯзгор” ва “Варақаи арзёбӣ аз ҷониби роҳбари иттиҳодияи методӣ” иборатанд.

Тайи ҳафтаи сипаришуда бо роҳбарии коршиноси калидии Лоиҳа Лигита Григуле, коршиноси байналмилалӣ Диана Иелея, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Ҷалолӣ, мушовирони маҳаллии лоиҳа Холис Садурдинов ва Қутбиддин Мухторӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав апробатсияи ҳуҷҷатҳои мазкур доир карда шуд.

Ҳадафи асосӣ санҷиши созгории абзорҳои худбаҳодиҳии омӯзгор дар муҳити Тоҷикистон буд. Дар рафти шиносоӣ бо воситаҳои худбаҳодиҳии оиӯзгор роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон пешниҳодҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ изҳор дошта, дар такмили ин воситаҳо саҳм гузоштанд.

Дар назар аст, ки пас аз коркарди дубора “Воситаҳои худбуҳодиҳии омӯзгорон” ба Маркази ҷумҳуриявии методӣ пеҳшниҳод карда мешаванд, то ки дар оянда татбиқи онҳо тақвият дода шавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение